Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд дидан намуд

Дар доираи Ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ, ки 8 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гашт, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Вазири тандурустии  Қазоқистон аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд дидан намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид директори маркази мазкур Алишер Шарифов ба меҳмонон таҷҳизоти муосири тиббиеро, ки дар Маркази миллии тиббии кӯдакона истифода мебаранд, нишон дод. Дар идомабоздид  меҳмонон бо кори шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ, ҷарроҳии каминвазивӣ, рентгенология, озмоишгоҳҳои муассиса шинос шуда, ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва шароити мусоид барои будубоши беморон баҳои баланд доданд.

Сипас вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар дафтари меҳмонони марказ орзуҳои худро навиштанд.

Бояд гуфт, ки Маркази миллии тиббии кӯдакона (ММТК) як клиникаи нави замонавии баландтехнологии дараҷаи 4-и кӯдакона мебошад, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд ҷойгир буда, аз технологияҳои инноватсионии пешрафтаи ҷаҳонӣ, ки дар самти рушди таҷҳизоти тиббӣ машғуланд, истифода мебарад.

Фаъолияти Маркази мазкур  ба ташаккули насли навраси солим ва шахсияти баркамол инкишофёфта дар Узбекистони муосир равона шудааст.

Дармонгоҳ дар чорроҳаи муҳимтарин масирҳои нақлиётӣ, ки маркази пойтахт ва ноҳияҳои наздишаҳриро мепайвандад ҷойгир шудааст. Ҳудуди Маркази тиббӣ ба як шаҳраки алоҳида шабоҳат дорад, ки дорои шароити мусоид барои будубош ва барқарорсозии  солимии кӯдакон аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE