Мунтахаби олимпии кишвар пас аз 3-бохт тарки Ҷоми Осиё кард

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) имрӯз, 9-уми июн бозии ниҳоии худро дар Ҷоми Осиё-2022 баргузор кард.Мунтахаби ҷавонони кишвар дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бо тими Ҷопон андари майдони рақобат гардид. Дидори мазкур бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди ҷавонони ҷопонӣ хотима ёфт. Хотирасон мешавем, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии нахустин аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 5 бар 0 аз мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Бо ҳамин тими ҷавонони кишвар аз идомаи рақобат дар Ҷоми Осиё 2022 бенасиб монд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE