Супоридани нусхаи эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Туркманистон

27 июни соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек ба муовини раиси девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Мередов Рашид нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти сафир бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE