Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» шинос шуд

Дирӯз зимни сафари корӣ Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қоҳир Расулзода нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум ва нақбҳои дастрасии он боздид ба амал овард.

Дар айни замон дар ин мавзеъ корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, хобонидани бетони конструктивӣ, сементатсионӣ ва васлу насби оҳану фулузот дар қисмати камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосӣ идома доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм корҳои заминӣ, мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ, гузоштани анкерҳои ПНА, АЖГ, пошидани маҳлулҳои бетонӣ, дар нақбҳои нақлиётии Т-23, Т-39, Т-39А корҳои нақбканӣ ва хобонидани бетони конструктивӣ, корҳои ҳаффории нақбҳои дастрасии сементатсионӣ ва нақби сементатсионии соҳили рост ҷараён доранд.

Дар иншооти зери фишор корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор, мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то сатҳи 1552 метр, корҳои заминӣ, пошидани маҳлулҳои бетонӣ, гузоштани анкерҳои ПНА ва АЖГ идома доранд.

Нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ дар иншооти камераи васлгарии турбинаҳо ба анҷом расида, корҳои омодагӣ барои хобонидани бетони конструктивӣ роҳандозӣ мешаванд.

Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунӣ дар нақбҳои обрасони №1,2,3,4,5 ва 6 қисмати болоӣ, инчунин шахтаҳои обрасони қисмати поёнӣ иҷро шуда истодаанд.

Бетонхобонӣ дар минтақаи агрегатҳои 1-3-и бинои трансфарматорҳо, нақбканӣ дар шахтаҳои обрасони 1-6 агрегат қисмати болоӣ дар тарози 1300 метр ва аз дохили камераи васлгарӣ, дар нақбҳои ҷаббандаи №1,2 ва 3 корҳои нақбканӣ, бетонгирӣ ва корҳои ҳаффории нақби сементатсионии соҳили чап идома доранд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар минтақаи Сарбанди асосии неругоҳ идома дошта, хобонидан ва ҷобаҷокунии маводи сарбанд дар минтақаи бефи болоии сарбанди асосӣ то сатҳи 1125 метр ва дар бефи поёнии сарбанди асосӣ  то сатҳи 1040 метр иҷро гардидаанд.

Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан, анкергузорию бехавфгардонии тарафҳои чап ва рости паҳлӯҳои кӯҳҳо тибқи лоиҳа аз сатҳи 1300 метр то сатҳи 900 метр иҷро гардидаанд. Корҳои заминӣ барои хобонидани таҳкурсии бетонӣ аз бетони кӯбидашуда аз тарафи рост ва чапи соҳил тибқи лоиҳа аз сатҳи 990 метр то сатҳи 971 метр иҷро гардида, корҳои хобонидани бетони пуркунанда дар минтақаи ядрои асосӣ аз тарафи чап дар сатҳи 985 метр шурӯъ шуда, бетонхобонӣ ва дигар корҳо ҷараён доранд.

Дар ҳама қитъаҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ бо истифода аз муосиртарин нақлиёту механизми соҳавӣ корро ба таври шабонарўзӣ  идома дода истодаанд.

Зимни бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, масолеҳи сохтмонӣ қабл аз истифода санҷида мешавад.

Муҳайё будани шароити мукаммали корӣ барои сохтмончиёну дигар коргарони муҳандисиву техникии ин иншооти азим, ки таҳти назорати бевоситаи бунёдгузори он — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, омили асосии марҳила ба марҳила ва дар муҳлатҳои муайян ба анғом расонидани корҳо гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти дастҷамъона ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандон имкон фароҳам овард, ки то имрўз ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шавад ва агрегатҳои дигари ин иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат низ мувофиқи нақша дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дар идома таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» доир гашт.

Дар кори ҷаласа оид ба натиҷаҳои то ин дам ба даст омада, мушкилот ва роҳҳои ҳали он фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки ҷараёни корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»  таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар муҳлатҳои муайян бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани иншоот пешрафти иқтисоди миллиро дар мамлакат таъмин месозад ва ба баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум замина мегузорад.

Вобаста ба ин бо истифода аз имконияти фароҳамгашта боз ҳам равнақ бахшидани фаъолияти кормандону вусъати корҳои сохтмонӣ зарур шуморида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири таҳкими истиқлоли энергетикӣ имрӯзҳо бунёд ва таъмиру навсозии инфрасохтори соҳа бо маром идома дорад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот ба он таваҷҷуҳи махсус равона сохтааст.

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Роғун имрӯз низ идома меёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE