Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Tourism EXPO JAPAN-2022» ва «JATA» муаррифӣ мегардад
Имконият ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии «Tourism EXPO JAPAN-2022» ва «JATA», ки моҳҳои сентябр ва ноябри соли равон дар шаҳри Токио баргузор мегардад, муаррифӣ шавад. Ин ва масалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ва намояндаи Дафтари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ JICA дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор намуданд Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон нақши муҳим дорад.
Ҳумчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ муҳокима шуд.
Сафири Ҷопон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.