ТАФСИР: Вазъи Афғонистон пас аз заминларзаи шадид

        Пас аз заминларзаи шадид, ки ҳафтаи гузашта дар Афғонистон рух дод ва дар пай қурбонию хисороти зиёдро овард, СММ ва роҳбарияти кишварҳои ҷаҳон кумакҳои башардустонаро барои мардуми осебдида ирсол карда истодаанд. Аммо дар ҳамин ҳол ҳам ба иттилои васоити ахбори омаи маҳаллӣ вазъи мардуми офатзада хеле даҳшатнок аст ва онҳо ниёз ба шароити аввалияи зист доранд. Зимнан Ҳукумати ин кишвар таъкид доштааст, ки ҳолати бади санитарӣ пас аз заминҷунбӣ эҳтимол оқибатҳои даҳшатбортар дошта бошад. Раҳмонзода Мижгон мавзуро пайгирӣ намудааст.

Вазъ дар Афғонистон пас аз як ҳафтаи заминларзаи шадид, ҳамоно сангин боқӣ мондааст. Новобаста ба талоши созмонҳои байналмиллалӣ ва як қатор кишварҳои ҷаҳон барои расонидани кумак ба мардуми ин кишвар ҳолати мардуми офатзада ҳанузам вазнин арзёбӣ мешавад. СММ барои дастгирии афғонҳои аз заминларза осебдида 10 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора ҳамоҳангсози кумакҳои башардӯстонаи СММ Мартин Гриффитс хабар додааст. Ба таъкиди номбурда, ин маблағ аз Фонди марказии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи СММ ҷудо мешавад. Ба изҳори ин намояндаи СММ дар паи ҳодисаи табиӣ, садҳо нафар кушта шуданд. Бисьёр одамон захмдор шуда, бе хонаву дар мондаанд. Кӯдакони зиёда дар зери харобаҳо мондаанд.  Дар ин робита ҳукумати ҶМЧин низ ба Афғонистон ба маблағи 50 миллион юан (7,5 миллион доллар) кумаки башардӯстона фиристодааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Чин Ван Венбин, пас аз заминларза ҳукумати Чин тасмим гирифт, ки ба Афғонистон кумаки фаврии башардӯстона ба маблағи 50 миллион юан, аз ҷумла хаймаҳо, кӯрпаҳо, катҳои лагерӣ ва дигар ашёи муҳиме, ки мардуми аз офати табиӣ осебдидаи Афғонистон ба таври фаврӣ ниёз доранд, ирсол кунад. Ба гуфтаи вай, ҷониби Чин бо ҳукумати муваққати Афғонистон ҳамкории зич хоҳад кард, то интиқоли сареъи кумакҳои башардӯстона ба осебдидагонро таъмин кунад ва ба мардуми Афғонистон дар рафъи мушкилот кумак кунад. Зилзилаи рӯзи 22 июн қавитарин заминларза дар Афғонистон дар тӯли 20 соли ахир ба шумор меравад, ки дар он дастикам 1500 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар баробари ин беш аз 3000 бино вайрону валангор гаштаанд.  Ёдовар мешавем, ки шаби 22 июн дар Афғонистон заминларзаи шадиди 6,1 дараҷа рух дод. Дар музофотхои Пактика ва Хуст, ки бо Покистон хаммарз аст, хисороти зиёд расидааст. Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ҷунбиши ҳукумати Толибон дар Афғонистон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои башардӯстона даъват карданд, ки пас аз заминларза ба Афғонистон кумак кунанд.  То имрӯз, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир барои мардуми офатзадаи афғон кумакҳои башардустона ҷудо кардаанд.  Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид гузориш додааст, ки дар заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Афғонистон 155 кӯдак ҷон бохтанд. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса дар наздикии сарҳади Покистон “250 кӯдак маҷруҳ шуда, 65 кӯдак ятим ё танҳо монданд”. Хазинаи кудакони СММ рузе қабл изҳор доштааст, ки барои дубора ба ҳам овардани кӯдаконе талош дорад, ки дар пайи заминларза аз хонаводаҳояшон ҷудо шуда буданд.

                                                                                 Раҳмонзода Мижгон

                                                                                           Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE