Беш аз 200 нафар бонувони тоҷик ба курсҳои омӯзиши компютерӣ фаро гирифта мешаванд

240 нафар бонувони тоҷик ба курсҳои омӯзиши  компютерӣ фаро гирифта  мешаванд, иттилоъ медиҳад  намояндагии  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  /БАТР/дар Тоҷикистон.

Омӯзиши курсҳои компютерӣ ба занон имкон медиҳад, ки малакаи технологияҳои иттилоотиро дар бахши бозаргонӣ  дастрас намоянд ва қобилияти касбиашонро беҳтар созанд. Он ҳамчунин ба ҳалли мушкили саводнокии компютерӣ  ба  кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки танҳо 11 дарсади аҳолиаш малакаи компютерӣ доранд, мусоидат хоҳад кард.

Барои ин ташаббус БАТР ба дуввумин ташкилоти бузурги маблағгузории хурд дар Тоҷикистон- Ташкилоти амонатии қарзии хурди /ТАҚХ/  «Ҳумо» маблағҳои нав пешниҳод кардааст. Қарз ба андозаи 2 миллион доллар устувории корхонаҳои хурди ватаниро тақвият бахшида,  ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа «Ҳумо» бо як мактаби касбии маҳаллӣ муттаҳид хоҳад шуд, то нозукиҳои омӯзиши компютериро пешниҳод намояд.

Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо»  ширкати фаръии «Gojo & Company Inc.,» ширкати сармоягузории  холдингии Токио мебошад, ки ба фарогирии молиявӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд  мусоидат мекунад. Ин ташкилоти маблағгузории хурд дар Тоҷикистон асосан ба тиҷорати хурд дар бахшҳои чакана ва кишоварзӣ хизмат мерасонад. То имрӯз БАТР тавассути 155 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон 958 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE