Дар Ванҷ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 113 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ дар маҷмуъ 113 иншооти ҷашнӣ бунёд мегардад. Дар ин хусус дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, масъалаи вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои савдою хизматрасонӣ, зебогардонии роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, безараргардонии корхонаю муассисаҳо, бе талаф ғундоштани ҳосил, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони имсола баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки сокинони ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла соҳибкорон дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани сарзамини аҷдодиямон бо соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд, вохӯриҳо баргузор менамояд.