ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АВВАЛИН ТЕЛЕФОН…

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ !
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АВВАЛИН ТЕЛЕФОН

Телефоняке аз муҳимтарин ихтирооти башарият дар соҳаи алоқа ба ҳисоб рафта, имкон фароҳам овард, ки одамон новобаста аз масофа бо ҳамдигар тавассути овоз муошират намоянд.

Аввалин телефони амалиро ихтироъкори амрикоӣ “Александр Грэм Белл”таҳия намуд. 7 марти соли 1876 ӯ барои ихтирои худ патенти расмӣ гирифт.

“10 марти соли 1876”аввалин гуфтугӯи фаҳмои телефонӣ баргузор гардид. Белл ба ёвари худ Томас Уотсон тавассути телефон чунин гуфт: «Ҷаноби Уотсон, ба ин ҷо биёед, ман ба шумо ниёз дорам».

📊 Маълумоти оморӣ ва таърихӣ

– 1876— соли гирифтани патенти телефон.
– 7 март— санаи сабти патенти ихтироъ.
– 10 март — аввалин гуфтугӯи фаҳмои телефонӣ.
– 1877— таъсиси ширкати Bell Telephone Company.
– 1878— ба роҳ мондани яке аз аввалин марказҳои алоқаи телефонии ҷамъиятӣ дар шаҳри Ню-Ҳейвени ИМА.
– 2026— аз ихтирои телефони амалии Белл 150 сол сипарӣ мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE