Тоҷикистонро дар XV Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш 7 гӯштингир муаррифӣ мекунанд…

🇹🇯 Тоҷикистонро дар XV Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш 7 гӯштингир муаррифӣ мекунанд

Аз 4 то 9 ноябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш баргузор мегардад. Остона бори аввал Чемпионати ҷаҳон оид ба курашро мизбонӣ мекунад.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳафт паҳлавон намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба ҳайати мунтахаби кишвар Ҳақдод Гулов (60 кг), Сарвар Абдушукуров (66 кг), Умар Шеров (73 кг), Наврӯзи Каримзод (81 кг), Ҳақназар Назаров (90 кг), Саидҷамол Алимардонов (100 кг) ва Фирдавс Насимов (120 кг) шомил мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE