Боздид аз ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лубиёиҳо дар хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и ноҳияи Ховалинг

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и деҳоти Ҷомбахт ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лубиёиҳо шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Фарангис» соли 2004 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 2 гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур 5 нафар саҳмдор фаъолият менамоянд ва роҳбари хоҷагӣ бонуи соҳибтаҷриба Хоним Аҳророва мебошад. Заҳматкашони хоҷагӣ ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ ва лубиёиҳо машғул мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳолисбандии зироати кишоварзӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам такрорӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳияи Ховалинг изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд. Саҳмдорон ҳамасола дар заминҳои хоҷагӣ ҷуворимакка барои дон, мошу лубиё ва сабзавоту полезӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидору бодиринг, сабзӣ, сирпиёз, пиёзи тухмӣ, лаблабу, караму каду, қаланфур ва кабудиҳо кишт менамоянд. Хоҷагидорон дар кишти такрорӣ дар 0,60 гектар картошкаи навъи «Тоҷикистон» кишт гузарондаанд. Интихоби тухмиҳои босифати маҳаллӣ боис ба он мегардад, ки дар мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол баъд аз дарав кардани зироати омехтаи хӯроки чорво саҳмдорон дар замини холишуда дар кишти такрорӣ ҷуворимаккаи дон ва сабзавоту полезӣ, аз ҷумла памидору бодиринг, картошка, карам, лубиё, лаблаб ва каду кишт намуданд. Айни замон зироати кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо оби полезӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда мешавад. Ба гуфтаи хоҷагидорон обу ҳавои мусоиди ноҳия ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ басо мувофиқ аст.

Аз ҳосили бадастомада дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хонавода, барои ду соли минбаъда низ ба миқдори зарурӣ донагиҳо ва дигар навъи маҳсулоти корсервашуда захира менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат ороста, барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишрварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE