Аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст, дар водиҳо 39+44 дарҷа гарм ва ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дарҷа гарм мешавад. Инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарми пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.