Дар Душанбе Толори намоишгоҳи миллии доимоамалкунандаи «Made in Uzbekistan» ифтитоҳ ёфт

Дар пойтахти Тоҷикистон Толори намоишгоҳи миллии «Made in Uzbekistan» ифтитоҳ ёфт, ки дар он истеҳсолкунандагони 15 соҳаи  Ӯзбекистон маҳсулоти худро пешкаш карданд. Дар ин бора  аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд.

Масоҳати толор, ки дар Душанбе ба таври доимӣ фаъолият мекунад, 600 метри мураббаъро ташкил дода,  номгӯи  молҳо  намунаи  маҳсулоти кишоварзӣ,  саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бофандагӣ, либоси тайёр, лавозимоти чармӣ ва пойафзол барои истифодаи  гуногун, матоъҳо ва маҳсулоти абрешимӣ,  электроника, асбобҳои рӯзгор, мебел, сантехника ва ҷавоҳиротро дар бар мегирад.

Толор ба ғайр аз намоишгоҳ будан, ҳамзамон  барои гуфтушунидҳо ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни истеҳсолкунандагон ва муштариён замина мегузорад. Дар ин ҷо бо назардошти заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ва талаботи бозор дурнамои рушди ҳамкории саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ мегарданд.

«Бозори Тоҷикистон, ба гуфтаи истеҳсолкунандагони ӯзбекистонӣ, имконоти хуби рушд дорад. Аллакай дар рӯзҳои аввали намоишгоҳ (намоиш – тавзеҳи АМИТ «Ховар») таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон — ҳам харидорон ва ҳам шарикони эҳтимолии тиҷорат ба назар мерасад, — нигоштааст AN Podrobno.uz. -Баъзе аз истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ ва маснуоти чармӣ аллакай дар бораи интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон созишномаҳои пешакӣ ба даст оварданд — шартномаҳои содиротии мустақим дар ояндаи наздик ба мувофиқа мерасанд.»

Намоишгоҳ  ҳамчун василаи муассир барои   рушди муносибатҳои тиҷоратии байни Тоҷикистону  Ӯзбекистон ва шинос намудани доираҳои тиҷоратии тоҷик бо иқтидори саноатии кишвари ҳамсоя  нигаронида шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE