Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода: «Сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст»
«Теъдоди ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷумҳурӣ соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба иллати содир шудани якчанд амалҳои дорои хусусияти терорристӣ ва экстремистӣ дар шарқи Тоҷикистон- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш ёфтааст».
Дар ин бора имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2022 Рамазон Раҳимзода афзуд, ки дар маҷмӯъ дар ин давра сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст. Имсол дар миқёси кишвар 12 ҳазору 482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2021- 13878) 1396 ҷиноят кам мебошад.
Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар 8 ҳазору 316 ҷиноят ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 22 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, 64 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 16 ҷинояти таҷовуз ба номус, 8 ҷинояти савдои одамон, 21 ҷинояти роҳзанӣ, 65 ҷинояти ғоратгарӣ 2858 дуздӣ, 1144 ҷинояти қалобӣ, 544 ҷинояти авбошӣ, 20 ҳолати тамаъҷӯӣ ва 223 ҳолати ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин давра якчанд ҷиноятҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои марбут ба дуздӣ 2858 (соли 2021- 3566), қаллобӣ 1144 (соли 2021-1481), тамаъҷӯӣ 20 (2021-25), ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор 223 (2021- 257) тамоюли коҳишёбӣ касб намудаанд, ки ин ба тақвияти корҳои пешгирикунанда, тарғибу ташвиқ миёни аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва корҳои тарғиботӣ дар ҷомеа марбут аст.
Хамчунин Вазири корҳои дохилии мамлакат афзуд, ки дар ин давра зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир гардиданд.
Соли равон аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар 1 тонна маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира гардида, 2605 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда аз муомилот боздошта шуданд. Бо дахли содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки ин омор соли равон 431 ададро ташкил дода, инчунин аз тарафи ҷавонон 1944 ҳолати ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят кам мебошад.