Аз шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ба Қазоқистон се ҳазор тонна ангури хушсифат содирот мешавад

Намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон 16 июл дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз токзорҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Боғи Сомон», «Ватан» ва «Акрамхон» дидан намуданд. Дар ин замина миёни роҳбарияти шаҳр ва хоҷагидорон доир ба имконияти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Ҷумҳурии Қазоқистон музокирот баргузор шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Сардори хоҷагии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов доир ба парвариши беш аз 10 намуд ангури хушсифат ва имконоти содиротии маҳсулот маълумот дод.

Ҳамчунин меҳмонон бо парвариши навъҳои нави ангур ва тарзи нигоҳдории ҳосили он дар сардхонаҳо шинос шуданд. Тоҷирони қазоқистонӣ баъд аз мубодилаи афкор омодагии худро ҷиҳати қабули се ҳазор тонна ангури хушсифат изҳор доштанд.

Баъд аз шиносоӣ бо токзор тоҷирони Ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолияти ангурпарварон ва сифати ангури шаҳри Турсунзода баҳои баланд дода, омодагӣ ба ҳамкориро дар самти қабули ангур изҳор доштанд.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и Турсунзода дар рӯзҳои ҷамъоварии ҳосил содироти ангурро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия оғоз намуд.

Ба иттилои раиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов, ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур, аз ҷумла «ҳусайнии сиёҳ ва сафед», «ғалаба», «шоҳона», «пешпазак», «кишмиши сиёҳу сафед» ва «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. Айни замон ангури навъи «шоҳона» пухта расидааст, ки аъзои хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили он машғуланд.

«Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE