Дар Рӯзи дониш дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ ба истифода дода мешаванд
1 сентябри соли равон, дар Рӯзи дониш дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия бунёд шудаанд, ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» оид ба муҳлати баистифодадиҳии ин муассисаҳо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Мавсуф гуфт, ки «сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта шудааанд, ки тибқи шартнома онҳо бояд то 1 август барои қабули хонандагон бояд пурра омода шаванд.
«Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои чортои ин муассисаҳо директорон интихоб гардида, барои такмили ихтисос ба Федератсияи Русия фиристода шуданд»,- гуфт Раҳим Саидзода.
Ба зикри Вазири маориф ва илм, қабули ҳуҷҷатҳо барои синфҳои 1-8 дар ин муассисаҳо аз 1 август шурӯъ гардида, дарсҳо якуми сентябр оғоз мегарданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар бораи бунёди муассисаҳои таълимоташон ба забони русӣ дар Тоҷикистон баъди музокироти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ФР Владимир Путин дар ҷараёни сафари расмии Савари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар 17 апрели соли 2019 мувофиқа ҳосил шуда буд.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар мамлакат 48 мактаби русӣ бо фарогирии 27 ҳазору 63 нафар хонанда ба таълим равона шудаанд. Ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.