Мулоқот бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ
7 августи соли 2023 мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи вежаи дабири кулли СММ, роҳбари навтаъйини Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гардид.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамсуҳбатон перомуни дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, ва инчунин масоили обу иқлим, пойдории сулҳу бехатарии минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон мубдоилаи афкор намуданд.
Инчунин зимни мулоқот аҳаммият ва зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишвар бо UNRCCA дар доираи “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” қайд карда шуд.