Тоҷикистон ва Узбекистон муносибатҳои байнибуҷетӣ ва идоракунии қарзи давлатиро баррасӣ намуданд

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Султанов, ки бо сафарӣ корӣ дар Душанбе қарор дошт, вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи барномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баргузории мубодилаи таҷриба миёни кормандони ду ниҳод дар самтҳои қонунгузории андоз, дурнамосозии даромади буҷети давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ, идоракунии молияи давлатӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Султанов бо муовинони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Сарвар Қурбониён мулоқот намуд, ки зимни он оид ба масъалаҳои идоракунии қарзи давлатӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, пешбурди сиёсати фискалӣ, банақшагирии буҷети соҳаҳои иҷтимоӣ ва ғайра табодули назар сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҳамкорӣ барои соли 2022, ки дар заминаи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, аз 13 то 16 июли соли 2022 ҳайати намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Султанов бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE