Таҳти унвони “ Ҳуқуқи журналист” китоб ба нашр расид

Бо ибтироки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳуқуқи журналист», ки дар он маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии танзимкунандаи фаъолияти журналистика бо забони тоҷикӣ ва бо назардошти тағйиру иловаҳо ба ҳолати 20 апрели соли 2022 ҷамъоварӣ гардидааст, ба нашр расид.

Маҷмуаи мазкур барои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқшиносон, кормандони амалия, шахсони ҳуқуқӣ, донишҷўён, магистрҳо, унвонҷўён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омўзиши «Ҳуқуқи журналист» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии он, махсусан қонунгузорӣ дар самти журналистика таваҷҷуҳ доранд, тавсия карда мешавад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ амнияти иттилоотиро махсус таъкид бояд намуд, зеро масъалаи амнияти иттилоотӣ барои ҳар як давлат аз мубрамтарин ва муҳимтарин бахши давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Зимнан, дар давраи ҷаҳонишавӣ иттилоот ва дастрас намудани маълумот барои истифодабаранда тавассути интернет хеле осон гардидааст. Вале дурустии матни дастрасшуда, хусусан санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанўз зери суол мемонад. Зеро масъулияти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва саҳеҳияти матнҳо дар пойгоҳи додаҳо ва сомонаҳои расмӣ ба зиммаи шахсони масъул вогузор шудааст.

Расонаҳои иттиоърасонро лозим аст, то аз истифода ва паҳн намудани иттилооте, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти миллӣ, якпорчагии давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хатару таҳдид эҷод мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро аз озодии сухан набояд суиистифода карда шавад. Ин ҳолатро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 7-уми феврали соли 2009

Фармони махсусро «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба имзо расониданд, то ин ки масъулияти роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дучанд гардад. Ҳамзамон намояндагони ВАО низ вазифадоранд, ки таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводди танқидӣ ва таҳлилиро вазифаи асосии фаъолияти хеш ҳисобанд.

Маҷмуаи «Ҳуқуқи журналист», ки фарогирандаи санадҳои ҳуқуқии соҳа мебошад, дастури хубе барои кормандони телевизион, радио, рўзномаву маҷалла ва дигар намояндагони ВАО ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуа санадҳои ҳуқуқии соҳаи иттилоот дар як шакли мукаммал бо истифода аз портали махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия», ки хусусияти маълумотдиҳиро доро мебошад, гирдоварӣ шудаанд. Ҳангоми таҳияи маҷмуаи мазкур зарурат ба ҳамкорӣ бо масъулини махзан, ки мақоми пешбарандаи он Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва муқоисаи он бо матни расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш омад. Зеро муратиб пас аз боргирии санадҳои соҳавӣ аз махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» камбудиҳои зиёди техникӣ, аз ҷумла ҷой доштани хатоҳои имлоӣ дар матнҳоро ошкор намудааст, ки мазмуну муҳтавои меъёрҳои ҳуқуқиро нофаҳмо ва ҳатто таҳриф мекунанд. Дар натиҷа, матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар маҷмуа ҷойдошташуда моҳиятан ҳарф ба ҳарф муқоиса ва таҳрир карда шуд, ки ин бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми маҷмуаи мазкур заҳмати бузург ва вақти зиёдро талаб намуд.

Мураттиб номзади илмҳои фалсафа, муовини директори «Телевизиони Тоҷикистон» Назираи Сарфароз мебошад. Умедворем, ки маҷмуаи мазкур барои расидан ба маром ва ҳадафу мақсадҳое, ки дар боло ишора гардиданд, махсусан барои рўзноманигорону намояндагони ВАО дар самти донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ҳамчун роҳнамо ва дастури ҳуқуқӣ хизмат хоҳад намуд.

Ҳамзамон, метавонед бо суроғаи www.tvt.tj/huquqi-jurnalist шакли электронии онро бо назардошти тағйиру иловаҳои воридшаванда дастрас намоянд.

Таҳияи Абдурозиқ МАРДОНӢ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE