Заминларза дар Афғонистон: Дар бораи хисорот маълумоте нест

Дар шарқи Афғонистон заминларза бо шиддати 5  балл рух дод. Заминларза дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш шоми дирӯз соати 19:08 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Маркази сейсмологии Аврупову Баҳри Миёназамин. Маркази заминларза дар 197-километрии шарқи шаҳри Қундуз, ки ҳудуди 161 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, воқеъ будааст. Дар бораи талафот ва хисорот маълумоте нест. Ба гузориши хабаргузории маҳаллии Бахтар, рӯзи душанбе дар шарқи Афғонистон низ заминларзаи 5,1 дараҷа ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи он 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ёдовар мешавем, субҳи 22 июн дар вилоятҳои Хуст ва Пактикои Афғонистон заминларзаи шадид рух дода буд, ки дар натиҷаи он зиёда аз ҳазор кас халок шуда, беш аз якуним хазор нафари дигар маҷруҳ гардида буданд.

Баҳруллои Маҳмадшариф

Радиои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE