Тоҷикистон ва Португалия бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ эъломияи муштарак ба имзо расониданд

5 августи соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Жоао Гомеш Кравино бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар эъломияи муштарак ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар он ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро зикр карда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия 4 августи 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Паулу Жоао Лопешду Регу Визеу Пинейру (қароргоҳаш дар шаҳри Москваи Русия) мебошад.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Португалия дар соли 2020 ба 614,8 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки аз он содирот 579,2 ҳазор ва воридот 35,6 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE