Оғози Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025

12-13 апрели соли 2025 бо иштироки Аълоҳазрат Императори Ҷопон, Сарвазири Ҷопон, Котиби генералии Бюрои намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагони воломақоми ҷопониву хориҷӣ, Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 таҳти шиори “Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо” кори худро шурӯъ кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон павилиони худро бо шиори “Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ – барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор” бо дарназардошти иқдом ва ташаббусҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ ташкил намудааст.
Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 идома хоҳад ёфт ва Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур 27 июни соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE