90 нафар магистранту донишҷӯён Академияи идоракунии давлатиро бо дипломи аъло хатм карданд

5 август дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура дар соли таҳсили 2022-2022 баргузор шуд.  Имсол 776 нафар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд, ки аз ин шумора 90 нафар  донишҷӯёну магистрантон соҳиби дипломи аъло гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.

Дар ҷамъомад ректори Академия Абдухалил Ғафурзода, ноибони ректор, омӯзгорону кормандон ва хатмкунандагон иштирок намуданд.

Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки пайравони асили Пешвои миллат — дастпарварони ин боргоҳи маърифат нафароне ҳастанд, ки садоқату самимият, эҳтиром ба Ватан — модар ва пеш аз ҳама, ба муассиси Академия- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд.

«Хатмкунандагони ин даргоҳ бояд бо донишҳои андӯхта аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда нишон диҳанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунанд ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд»,- гуфт Абдухалил Ғафурзода.

Зикр шуд, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Имрӯз аксари кормандони сохторҳои давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 90 нафар – 62 магистрант ва 28 донишҷӯ дипломҳои аъло супорида шуданд.