Ваколати дипломатии роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон ба итмом расид
Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Йосефсон барои саҳми арзандааш дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори сипос намуд.