Ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тақвият меёбад

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP)  15 июл зимни мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳoким Холиқзода бо маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни мулоқот доир ба мавзуъҳои муҳими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла обу энергетика, ҳифзи пиряхҳо, ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва иҷрои афзалиятҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳама самтҳо, бахусус дар доираи Барномаи кишварӣ барои солҳои 2023-2027 дар бахшҳои рушди устувори иқтисодӣ, иқтисоди сабз, мавзуи обу иқлим, инчунин дар чорчӯби «Раванди оби Душанбе» зарур донистанд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE