Оғози сафари расмии Сироҷиддин Муҳриддин ба Руссия ва мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров
5 сентябри соли 2022 бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда сурат гирифт, сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
С.Мухриддин ва С.Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамоҳангсозии вазоратҳои хориҷа пас аз анҷоми мутобиқкунии бастаи асноди дуҷониба, ки мавриди баррасӣ қарор доранд, идома ёбад.
Вазирон ба ҷараёни рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаҳои омодагиҳоро ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки қарор аст 15 сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ карданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои башардӯстона ва муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷониби Русия тадбирҳои андешидашуда дар Тоҷикистон дар самти ҳифз ва рушди забони русиро баҳои баланд дода, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли 2022 қайд кардааст.
Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами муҳоҷират ва рушди иқтидори шаҳрвандоне, ки нияти кор дар қаламрави ду кишвар доранд, мусоидат кунанд.
Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахши амният таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда, ба авзоъ дар Афғонистон таъкид шуд.
Зимни мулоқот ба масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон диққати махсус дода шуд.
Дар натиҷаи мулоқоту музокирот вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.