ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз канали дериватсионии хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ. Шерозӣ манъ мегардад
Шурӯъ аз 20 сентябр бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсозишавандаи хиёбони Рӯдакӣ, аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардид. Дар ин бора бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин хиёбон фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №4, 33 ва хатсайрҳои микроавтобусии №21, 24А, 26, 27 ва 34 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани хиёбони мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Карамов, А.Ҳакимзода ва У.Хайём ба роҳ монда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Рӯдакӣ истифода баранд.