Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор
21 сентябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Кавказ, Осиёи Миёна ва Муғулистон Норберт Функе баргузор гардид.
Завқизода З. А. ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, тақвияти ҳамкории манбаъдаро дар самтҳои таҳияи модели муосири дурнамои макроиқтисодӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вобаста ба омодасозии гузоришҳои таҳлилии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи кишварҳои рушдёфта ва пешниҳоди кумаки техникӣ барои такмили самтҳои қайдгардида зарур арзёбӣ намуд.
Инчунин Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодӣ таъсис дода шудааст ва тақвияти ҳамкории марказро бо Пажӯҳишгоҳи мазкур зарур арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ташкили чорабиниҳои машваратию омӯзишӣ вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.
Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон