Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО

21 сентябри соли 2022 дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш атрофи масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори институтсионалии МҲТБО, табдилёбии он ба созмони байналмилалӣ, ҳамчунин атрофи масоили рушди ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби МҲТБО мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронӣ С. Муҳриддин дар баробари ташаббусҳои дигари ҷаҳонии кишвар аз пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид сухан кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE