Эмомалӣ Раҳмон профессор Бурҳониддини Раббониро пас аз марг бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардониданд
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор
Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени
Исмоили Сомонӣ дараҷаи I
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 сентябри соли 2021
№247(175)