Таҷлили​ Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд



20 феврали соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ​ ба муносибати Рўзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ​ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят афсарону сарбозон ва кулли​ мардуми вилоятро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.​
-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тўли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерўи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ боифтихор чунин таъкид намуданд: «Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».
Аз ин лиҳоз, чунонки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намоянд.
Мо аз он ифтихор дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд, —​ иброз дошт Раиси вилоят.
Таъкид карда шуд, ки​ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят​ барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ дар оянда низ ҳамаи чораҳои заруриро​ меандешанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти харобиовар ҳимоя менамоянд.​
Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби хизмати ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки​ афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар менамоянд.​
Сипас, бо Фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2023 барои ҳамкории судманд дар баланд бардоштани нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо медали ҷашнии «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуд.
Бо Фармоиши дигари​ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2023 бошад як қатор кормандону роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ низ бо медали ҷашнии «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон ба як қатор собиқадорони соҳа ва хизматчиёни ҳарбӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, дар охир барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE