Соли 2024 дар Париж Бозиҳои Олимпӣ баргузор мешавад

Мусобиқа оид ба шиноварӣ аз аввалин Бозиҳои олимпӣ – соли 1896 дар Афинаи Юнон ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст. Қувваозмоиҳо миёни бонувон аз Бозиҳои олимпии соли 1912 дар Стокҳолм ба роҳ монда шуд.

Варзишгарони Тоҷикистон оид ба шиноварӣ аз соли 1996 дар асоси ҷойҳои универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) дар ҳамаи Бозиҳои олимпӣ, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Афина-2014 иштирок кардаанд: Атланта-1996 – 2 нафар (Сергей Орин, Наталия Шлемова, ҷаҳиш ба об), Сидней-2000 – 2 нафар (Фарҳод Орипов, Катерина Измайлова, 100м, тарзи озод), Пекин-2008 – 2 нафар (Алишер Чингизов, Катерина Измайлова, 50м, тарзи озод), Лондон-2012 – 1 нафар (Катерина Измайлова, 50м, тарзи озод), Рио-де-Жанейро-2016 – 2 нафар (Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов, 50м, тарзи озод), Токио-2020 – 2 нафар (Анастасия Тюрина, Олим Ишанов, 50м, тарзи озод).

Соли 2024 (23 июл – 8 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла шиноварӣ ворид гардидааст.

Мусобиқаи шиноварӣ аз рӯи 35 қувваозмоӣ (мардҳо – 17, бонувон – 17, даставии омехта – 1) доир мешавад: тарзи озод дар масофаҳои 50, 100, 200, 400, 800, 1500 метр, пуштнокӣ дар масофаҳои 100, 200 метр, брасс дар масофаҳои 100, 200 метр, баттерфлай дар масофаҳои 100, 200 метр, инфиродии комплекс дар масофаҳои 200, 400 метр, эстафета тарзи озод 4х100, 4х200 метр, эстафета комплекс дар масофаи 4х100 метр миёни мардҳову бонувон, эстафета комплекс дар масофаи 4х100 метр тими омехта.

Дар намуди шиноварӣ ҳамагӣ 852 варзишгар иштирок мекунанд, аз ҳар кумитаи олимпӣ 52 нафар дар қувваозмоиҳои инфиродӣ (дар ҳар қувваозмоӣ 2 нафар), ҳадди ниҳоӣ – 1 даста дар як қувваозмоии эстафета.

Варзишгарон барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ бояд меъёрҳои муқарраркардаи FINA-ро дар ду дараҷа – “А” ва “В” – дар марҳилаи интихобӣ – аз 1 марти 2023 то 23 июни 2024 – иҷро кунанд (меъёрҳо дар зер нишон дода шудааст). Мусобиқаҳои интихобӣ дар сомонаи расмии FINA нашр мешавад. Он, аз ҷумла 20-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ дар Фукуокаи Ҷопон (14-30.07.2023), 21-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ дар Доҳаи Қатар (2-18.02.2024), чемпионати қораҳо, мусобиқаҳои интихобии қораҳо ва чемпионатҳои миллиро дар бар мегирад.

Варзишгароне, ки дар як ё якчанд мусобиқа меъёрҳои дараҷаи “А”-ро иҷро мекунанд, мустақим соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мешаванд, бо инобати ду варзишгар дар як қувваозмоӣ аз як кумитаи олимпӣ. Агар дар асоси меъёрҳои дараҷаи “А” шумораи иштирокчиён то 852 нафар нарасид, пас FINA варзишгаронеро, ки меъёрҳои дараҷаи “В”-ро иҷро кардаанд, дар асоси радабандии ҷаҳонӣ даъват мекунад. Дар асоси меъёрҳои дараҷаи “В” аз ҳар кумитаи олимпӣ барои як қувваозмоӣ як нафар интихоб мегардад.

Дар рақобатҳои даставӣ ё эстафета дар ҳар қувваозмоӣ 16 даста иштирок менамояд. 3 дастаи беҳтарини ҳар қувваозмоии эстафета дар 20-ум Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Фукуокаи Ҷопон ва 13 дастаи дигар дар 21-ум Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Доҳаи Қатар имкони ба даст овардани роҳхати олимпиро доранд.

Ҳамчунин, барои Кумитаҳои миллии олимпие, ки роҳхат гирифта наметавонанд, ҷойҳои универсалӣ пешбинӣ шудааст. Дар асоси ин, аз як Кумитаи миллии олимпӣ 2 варзишгар (1 мард, 1 зан) барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ даъват карда мешаванд. Ҷойҳои универсалӣ ба варзишгароне дода мешавад, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Фукуока ё Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Доҳа иштирок карда бошанд.

Мусобиқаи шиноварӣ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 35
Мардон – 17
Бонувон – 17
Тими омехта – 1

Шумораи иштирокчиён
Мардон/бонувон – 852

Тақсимоти ҷойҳо:
Барои қувваозмоиҳои инфиродӣ
Варзишгароне, ки меъёрҳои дараҷаҳои “А” ё “В” муқарраркардаи FINA-ро дар марҳилаи интихобӣ иҷро намоянд.

Барои қувваозмоиҳои эстафета
3 ҷой барои ҳар қувваозмоӣ дар Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Фукуокаи Ҷопон
13 ҷой барои ҳар қувваозмоӣ дар Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Доҳаи Қатар

Марҳилаи интихобӣ аз 1 марти 2023 то 23 июни 2024 баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE