Футзалбозони тоҷик Ҷоми Осиё оид ба футзалро бо ғалаба оғоз карданд

Дирӯз дар доираи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё 2022 дар Қувайт мунтахабҳои Тоҷикистон ва Баҳрайн майдондорӣ карданд.  Вохӯрии мунтахабҳо  дар маҷмаии варзишии ба номи  Саъд ал Абдуллои кишвари Қувайт доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба нафъи футзалбозони тоҷик анҷом ёфт.

Голҳои Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзали Сардоров ва Идрис Ёров ғалабаи Тоҷикистонро муқобили Баҳрайн таъмин кард.

  Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал шомили гурӯҳи “В” мебошад. Дар ин гурӯҳ  мунтахабҳои Тоҷикистон, Баҳрайн, Ӯзбекистон ва Туркманистон шомил шуда, барои баромадан ба марҳилаи чорякниҳои нерӯ хоҳанд санҷид.

Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ мунтахаби Ӯзбекистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 8 бар 0 шикаст дод.

Ҳамакнун дар даври 2-юм мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба масофи ҳам меоянд. Вохӯрии мунтахабҳо рӯзи 29-уми сентябр, соати 18:00 доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз  27-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2022  кишвари Қувайт мизбони бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал аст. Дар ин мусобиқаи қоравӣ 16 кишвар  ширкат доранд.    Дастаҳои иштирокчӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, дастаҳои беҳтарин ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Гурӯҳи «В». Даври 1

Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН – 3:4

Голҳо: Умед Кузиев, 7 (0:1). Аммор Ҳасан Алӣ, 11 (1:1). Бахтиёр Солиев, 22 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (1:3). Аҳмад Муҳаммад Антор, 33 (2:3). Идрис Ёров, 38 (2:4). Ҷассам Солеҳ Анан, 38 (3:4).

27 сентябр. Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE