Ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара кумак расонида шуд
Аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Деваштич ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара, ки дар воқеаҳои охири марзӣ 14-17 сентябри соли равон аз ҳама бештар манзилҳои истиқоматиашон зарар дида буданд, ба миқдори зиёд молҳои хоҷагӣ, аз ҷумла гилем, кўрпаву кўрпача, болишт, дег, зарфҳои гуногунҳаҷм, либосҳои кӯдакона, инчунин маводи хӯрока, аз қабили зиёда аз 1 тонна картошка, сабзӣ, биринҷ, орд, пиёз, макарон, шириниҳо ва равғани растанӣ кумак расонида шуд.
Бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Мамурзода, кормандони масъули ноҳиявии ҳизб, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҷамоати Чоркўҳ Савриддин Раҷабов кӯмаки башардӯстона ба сокинони маҳаллаи Сомониён супорида шуд.
Зарардидагон барои кӯмаку дастгирӣ ба ҳизбиёни ноҳияи Деваштич миннатдории самимӣ баён карданд.