ИТТИЛОИЯ. Ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунед!

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват  намудаанд, ки ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунанд.

Дар иттилоияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омадааст, ки шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.

Барои ҳалли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро метавонед ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмии www.dushanbe.tj,  дар Инстаграм:  dushanbe_official, ба вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 нависед.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE