«Истиқлол» ва «Кӯктош» барои Ҷоми Тоҷикистон-2022 бо ҳам рақобат мекунанд

29 октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 як моҳ пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфта буд. Бинобар натиҷаи 2 бозӣ футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Бозии дигар дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE