Ҷопон муқобили Олмон ғалабаи ҳангомавӣ ба даст овард
Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар мунтахабҳои “Олмон” ва “Ҷопон” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Халифа” доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди самурайҳои ҷопонӣ хотима ёфт.
Олмон дар нимаи аввал бар ҳариф бартарӣ дошт, аммо тавонист танҳо як гол занад. Гюндоган голи аввалини худро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол аз зарбаи пеналтӣ ба самар расонид.
Дар нимаи дуюм аллакай Ҷопониҳо бозии ҷозибу рангигенро муқобили олмониҳо нишон доданд. Пас аз тағйиротҳое, ки Ҷопон анҷом дод, дар идома онҳо натиҷа доданд. Дар дақиқаи 75-ум Доан ҳисобро баробар кард ва баъд аз ҳашт дақиқа Асано пирӯзиро ба Ҷопон овард. Ҳар ду бозигар дар қисми дуюм ба майдон баромаданд. Аҷоибовараш ин аст, ки ин ду бозигар дар Чемпионати Олмон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, Ҷопон бори аввал дар таърих дар бозии расмӣ бар Олмон пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи бозии қаблӣ тақрибан ҳамин бозӣ сурат гирифта буд. Аргентина аз Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд, ҳарчанд баъд аз нимаи аввал бо ҳисоби 1:0 пешқадам буд. Ҳамин тавр, ду дастаи қораи Осиё муқобили фаворитҳои мусобиқа пирӯзӣ ба даст оварданд.