Инсон ва биосфера
Резервати биосферии «Ромит» расман ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО шомил гардид. Ин тасмим дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера», ки дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин баргузор шуд, қабул гардид.
Ба ин муносибат, санаи 25 декабри соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он дурнамои рушди устувор, илм ва сайёҳии экологӣ баррасӣ шуд.
Муқаддас Машрабиён
Садои Душанбе

