Дар Душанбе консерти ҷамъбастии мавсими 5-уми (Bob’s Music Award) баргузор мешавад

Дӯстдорони санъатро боз санҷишҳои бебаҳои мусиқӣ — сурудҳои муаллифии сарояндаҳои ҷавону боистеъдод аз саросари Тоҷикистон интизоранд. 26 ноябр дар «Кохи Суруш»-и Душанбе консерти ниҳоии мавсими навбатии 5-уми Ҷоизаи мусиқии Боб (Bob’s Music Award) баргузор мешавад. Оғози консерт соати 17:00 аст.

Ёдовар мешавем, ки қабули дархостҳо барои ширкат дар мавсими 5-уми лоиҳа тобистони соли 2022 оғоз гардид. Давоми як моҳ ҳайати ҳакамон, ки аз навозандагони касбӣ, бастакорон ва продюсерҳо иборат аст, овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида, аз миёни довталабоне, ки ба шартҳои озмун ҷавобгӯ буданд, боҳунартарин номзадҳоро интихоб карданд. Ба ҳайати ҳакамон ҳунарманди яккахони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, барандаи озмунҳои байналмилалӣ Шарофат Усмонзода, омӯзгори кафедраи композитсия ва хониш, партитураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, лауреати фестивалҳои байналмилалӣ Ҷасур Халилов, актёр, оҳангсоз, роҳбари бадеии гурӯҳи мусиқии «Шамс» Иқбол Завқибеков, коргардони мустақил ва арт-менеҷер, хатмкардаи Мактаби тиҷоратии Фаронса Кирилл Кузмин ва дигарон шомиланд.

Аллакай номҳои ғолибони даври ниҳоӣ муайян гардидааст. Инҳо намояндагони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- Мад Дайз (Кабрера Стефания), Фахриддин Зиёдуллоев, Хайрулло Муродзода, Мамнуна Ҷалилова, Ҷаҳонгир Халилов, Миродил Муқимов, Ҳотамбек Ҳотамов, Муҳаммад Боқиев, Абдурауф Юсуфов, Фирӯз Раҷабов, Ҳамид Муродӣ, Асад Аҳмадов, Валид Файзӣ, инчунин Ёсамин Давлатшоева аз Роштқалъа (ВМКБ) ва Шерзод Абдуллозода аз Панҷакент (вилояти Суғд) мебошанд.

Ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоӣ барои унвони ғолибият дар се номина: «Беҳтарин суруд», «Беҳтарин овоз» ва «Беҳтарин намоиш» ҳунарнамоӣ мекунанд. Ғолибон бо диплом ва ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Лоиҳаи «Ҷоизаи мусиқии Боб» аз ҷониби Маркази фарҳангии Бохтар бо кумаки донори аслии ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE