Мошини тамғаи «Киа Рио» бо сабаби суръати баланд аз баландии 6,35 метр сарозер шуд
Имрӯз, соати 13:10, ронандаи мошини тамғаи «Киа Рио», рақамҳои қайди давлатиаш 7280ТТ05 Ҳалимов Хуршед Идибекович дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои пули хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрад ва аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи мошингарди кӯчаи Н.Ганҷавӣ сарозер мегардад. Дар натиҷа як нафар мусофири дохили мошини мазкур- ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст, иттилоъ доданд дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Дар натиҷа панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, мошин ба оинаҳои тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, ки бо таги пул ҳаракат мекард, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.