Дар Душанбе ҷаласаи Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозии Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба қабули магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисоси (PhD) дар Осорхонаи миллӣ, вазъи омода намудани шиносномаҳои илмии фонди Осорхона, ҳисобот вобаста ба гардиши ашёи
Осорхонаи миллӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани мавзую мундариҷаи мақолаҳои илмии пешниҳодшуда ба маҷаллаи илмии «Ахбори Осорхонаи миллӣ» баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа раиси Шуро- директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, муовинон ва сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои муассиса ва дигар шахсони масъул аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда гузоришҳои муфассал пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозии муассиса ба аъзои Шуро ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамари Осорхонаи миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.