Портали сайёҳии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Бо ташаббуси Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз, 3 сентябр дар толори IT Park Dushanbe маросими рунамони портали сайёҳии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёхии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони DUSHANBE.TRAVEL баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, рохбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Агентии инноватсия ва технологияхои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт, инчунин намояндагони ВАО ва фаъолони шабакаҳои иҷтимой иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки портали сайёҳии шахри Душанбе www.dushanbe-travel.tj бо чалби мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуда, ҳадафи он рушди сохаи сайёхи, муаррифии инфрасохтору имкониятҳои сайёҳии пойтахт, бозтоб додани фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва чалби бештари сайёҳон мебошад. Дар портал харитаи электронии мавзеъхо, роликҳои таргиботи, аксҳои маконҳои зебо, маълумот оид ба иншооти сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихии шаҳр бо се забон точики, руси ва англиси ҷой дода шудааст.
Ҳамзамон саҳифаҳои расмии DUSHANBE.TRAVEL дар шабакаҳои ичтимой Facebook, Instagram, VKontakte, Threads, TikTok ва Telegram фаъолият доранд, ки дар онҳо доир ба имкониятҳои сайёҳии Душанбе, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар навгониҳо маълумоти доимӣ нашр мешавад.
Айни ҳол саҳифаи Facebook зиёда аз 15 500 обуначӣ дошта, ҳар мох το 1 миллион тамошобинро фаро мегирад. Саҳифаи Instagram бошад, зиёда аз 103 000 обуначӣ дорад, ки 35%-и онҳо шаҳрвандони хоричи мебошанд. Танҳо тамошобини роликҳои кутоҳи нашршуда дар ин шабакаи ичтимой то ба 1,5 миллион нафар мерасад ва шумораи умумии диданҳо дар як моҳ то 5 миллион нафарро ташкил медихад.
Дар ин саҳифаҳо ҳамарӯза аксҳо ва видеороликҳои тарғиботӣ оид ба мавзеъхои чолиби пойтахт нашр мешаванд. Танҳо дар давоми солиравон беш аз 4100 акс ва 320 видеоролик ба таври густурда интишор ёфтаанд.
Ин иқдом воситаи муассири муаррифии имкониятҳои сайёҳии Душанбе буда, ҳамзамон заминаи муҳими рушди сайёҳии рақами, чалби сармоягузорӣ ва густариши ҳамкории судманд бо ширкатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо истифода аз технологияи муосир имконият фароҳам мешавад, ки хизматрасонӣ барои сайёҳон шаффоф, дастрас на мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ гардад.