Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-солагии Истиқлолияти Туркманистон: уфуқҳои нави дӯстии туркманҳову тоҷикон ва шарикии амиқи стратегӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, коршиносони ватанӣ, олимону мутахассисони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар ва намояндагони ниҳодҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоишро Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Б. Гочмурадов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи миёни Тоҷикистону Туркманистон бар пояи эҳтироми мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, дар солҳои истиқлолият ба сатҳи нави ҳамкории байнидавлатӣ расидаанд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

