Дар Душанбе китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» муаррифӣ гардид

 28 ноябр бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид.

Дар китоби мазкур ҳудуди 42 мақолаи илмиву таҳлилии муаллифони дохиливу берунӣ оид ба саҳми мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ, густариши сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон, таҳқими пояҳои давлатдории навин, дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷӣ ва дигар самтҳо ҷой гирифтаанд.

Директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода изҳор намуд, ки китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

«Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост, инъикос менамояд»,-иброз намуд ӯ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE