Бори нахуст ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар «ISPO-Munich» ба намоиш мегузоранд
Бори нахуст ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон, назири «Ваҳдат Текстил», «Гулистони Душанбе», «Ноҳид» ва «Раҳимов A.A.» маҳсулоти варзишии худро дар «ISPO Munich»-и Олмон, ки бузургтарин намоишгоҳи маҳсулот ва либоси варзишӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ба намоиш мегузоранд.
Чор ширкати дӯзандагии Тоҷикистон дар радифи беш аз 1500 ширкати дӯзандагӣ аз саросари ҷаҳон дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷорати варзишӣ – Internationale Fachmesse für Sportartikel und Sportmode (ISPO), ки аз 28 тo 30 ноябри соли 2022 дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад, иштирок намуда, маҳсулоти худро, ки аз ҷӯробҳои варзишӣ, футболка ва поло, либоси муҳорибаҳои танбатан- кимоно, либоси муштзанӣ, кафшҳои муҳорибавӣ, либоси махсуси дастаҳои варзишӣ, жемпер ва костюмҳои варзишӣ, бастаҳои либосҳои варзишӣ ва ғайра иборатанд, ба намоиш мегузоранд. Намояндагони ширкатҳои дӯзандагтии Тоҷикистон инчунин бо муосиртарин таҷҳизот, пойафзол ва либоси варзишии истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва бо тамоюлоти пешқадамтарини соҳаи варзиш ва тандурустию фитнес дар дунё шинос мешаванд.