Зубайдулло Зубайдзода ва Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайтро баррасӣ карданд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон 4 сентябр мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод буд, 9-22 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ  баргузор мешавад.

20 сентябр дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур баргузории  Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Кувайт дар назар  дошта шудааст.

Ҳамчунин ҳайати Давлати Кувайт 21 сентябр  аз  ҶДММ «Сиёма», ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ «Артел –Авесто Электроникс» дидан намуда, бо фаъолияти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос мешавад.

Дар ин рӯз меҳмонон ҳамчунин бо мақсади шиносоии бештар бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик  аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE