ШАМШЕР САИДОВ НИЗ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ҶОМИ ҶАҲОНИИ БОКСРО САЗОВОР ШУД
10 декабр – дар рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт муҳорибаҳои финалӣ миёни мардҳо сурат гирифт, ки варзишгари мо Шамшер Саидов медали тилло ба даст овард.
Шамшер дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирнякро шикаст дод.
Варзишгарони мо миёни мардҳо, ҳамчунин 2 медали дигар – 1 нуқра, 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86кг сазовор шуд. Некрӯз Салимов дар вазни -80кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Тавре хабар дода будем, миёни бонувон дар ин мусобиқа Миҷгона Самадова дар вазни -57кг медали тилло, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни -81кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Мусобиқа бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон, Узбекистон 5-10 декабр дар минтақаи Белоярски Руссия баргузор шуд.
Рақобатҳо аз рӯи 11 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён гирифт.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар 5-ум Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.