Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи «Марям Зиёева»-ро ифтитоҳ намуданд

31 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи “Марям Зиёева”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии Гимназия аз се ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Бинои таълимӣ дорои 19 синфхона, ҳуҷра барои машғулияти гурӯҳӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаи омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ, китобхона, толори фарҳангӣ, толори варзишӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои 50 нафар ва толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст мебошад.

Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардидаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE