Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши II байналмилалӣ мусаввирони наврас ифтитоҳ ёфт
180 адад корҳои эҷодии мусаввирони наврас аз давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия дар Намоиши II байналмилалӣ, ки имрӯз дар Осорхнаи миллии Тоҷикисон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, ки дар маросими ифтитоҳи намоиши мазкур директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комил Раҳимӣ, устодону мусаввирони навраси кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки санъати рассомӣ воситаи муҳими инъикос ва тафсири бадеии воқеият буда, ба афкору эҳсоси бинанда таъсири бузург мерасонад. Мусаввирон тавассути истифодаи моҳиронаи рангҳо асарҳое меофаранд, ки барои дарки онҳо донистани забон ва тарҷумон лозим намебошад. Яъне, танҳо бавоситаи тамошо ва таваҷҷуҳи амиқ тамошобин мазмуни асар ва ҳадафи муаллифро пайхас менамояд.
Мавзуи асосии асарҳои мусаввирони наврас дӯстию муҳаббат, сулҳу субот, осмони софу беғубор, муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, об ва масоили марбут ба он буда, ба ин восита дидгоҳи худро нисбат ба ин масъалаҳо инъикос намуданд. Ин асарҳо ҳар як бинандаро ба ҷаҳони рангин, тахаюлоти бой ва орзуҳои кӯдакона ворид менамояд.
Ташкил ва баргузор намудани чунин намоиш байни наврасони давлатҳои хориҷӣ ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои фарҳангӣ мусоидат намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар огоҳ шудан аз таъриху фарҳанги халқу миллатҳои ҳамдигар шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбаладон ба мусаввирони наврас сайрҳои осорхонавӣ баргузор гардида, таърих, фарҳанг, табиат ва ҳунарҳои гуногуни тоҷикон ба онҳо муаррифӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 26 июн дар шаҳри Душанбе Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» оғоз ёфт. Нахуст ба хотири арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни тоҷикон иштирокчиёни Фестивал дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Намоиши II байналмилалии мусаввирони наврас дар доираи ҳамин Фестивал роҳандозӣ гардид.
АКС: Осорхонаи милии Тоҷикистон