Галаи гургҳо дар ноҳияи Роштқалъа 28 cap бузу гӯсфандро нобуд кардааст
11 декабр дар чарогоҳи кӯҳӣ, воқеъ дар деҳаи Сежд дар наздикии минтақаи Девлохи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пайи ҳамлаи галаи гургҳо 28 cap чорвои майда талаф ёфт. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кумита бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти дарранда ба сокинони деҳоти ноҳияҳои кӯҳӣ якчанд тавсия дод.
Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки чарондани озоди чорво бидуни чӯпон қобили қабул нест ва шабона чорво бояд дар ҳавлӣ ва ё оғилхонаҳо ҷой дода шавад. Атрофи оғилхонаҳо ва ё маконҳои дигари нигоҳдории чорво бояд бо симтӯр ё девори баландияш на кам аз 2,5 метр маҳкам карда шавад. Ин иҳотагирӣ чорворо аз роҳёбии дарандаҳо, аз ҷумла гургу бабри барфӣ ҳимоят мекунад.
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чунин меҳисобад, ки зарур аст чорвои дар пайи ҳамлаи дарандаҳо талафёфта сӯзонида, нобуд карда шавад.